Хабарҳо

Беҳтарин соҳибкори навовар
12 октябри соли равон кафедраи таҳлили иқтисодии факултети ҳисобдорӣ ва омор бахшида ба муносибати Рӯзи соҳибкорон миёни донишҷӯёни факултет озмуни «Беҳтарин соҳибкори навовар»-ро доир намуд.
Тавре мудири кафедраи мазкур дотсент Бадриддин Музаффаров дар кушодавии ин чорабинӣ иброз дошт, ҳадафи баргузории озмун интихоби гурӯҳҳои фаъол ва донандагони беҳтарини таҳлили иқтисод ва ба омӯзиши он бештар ҷалб намудани донишҷӯён аст. Маҳфили илмии донишҷӯён ин қадамҳои аввалин дар ҷодаи илм аст. Чунки маҳфил ба аъзоён имкон медиҳад, ки маҳорати илмии худро сайқал дода, бо таҳия ва интихоби дурусти мавзӯъҳои тадқиқотӣ, усулҳои гузаронидани тадқиқот, коркарди натиҷаҳои тадқиқот бо истифода аз технологияҳои муосир ва усулҳои гуногуни таҳлили иқтисодӣ шинос шаванд.
Озмун бо иҷрои се шарт баргузор гашта, дар он се даста: «Иқтисодчии таҳлилгар», «Муҳосиботи касбӣ» ва «Соҳибкорони ҷавон» бо ҳам сабқат намуда, донишу малакаи худро нишон доданд ва он бо чунин натиҷа ҷамъбаст гардид:
Ҷои аввал насиби дастаи «Иқтисодчии таҳлилгар», ҷои дувум - «Муҳосиботи касбӣ» ва ҷои севумро дастаи «Соҳибкорони ҷавон» ба даст оварданд.
Дар фарҷом, ба ғолибон Ифтихорномаҳои таъсисдодаи садорати факултет супорида шуд.
Хисрав Муҳиддинов