Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муаммоҳои сармоягузориҳои хориҷӣ

Муаммоҳои сармоягузориҳои хориҷӣ

11.10.2016. Имрӯз бо ибтикори кафедраи молия ва муомилоти пулӣ дар донишкада семинари назариявӣ баргузор шуд.
Семинарро мудири кафедра Шаъбон Нуров оғоз карда, роҷеъ ба раванди такмилёбӣ ва муаммоҳои сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Сипас дотсенти кафедра Нигина Миракилова дар мавзӯи «Роҳҳои ҳалнамоии муаммоҳои сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар даврони истиқлолият ва ояндаи он маърӯза кард. Номбурда гуфт, ки бо ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузориҳо» метавон ҳамаи имкониятҳои ҷойдоштаро истифода бурда, дар оянда иқтисодиёти кишварро ба яке аз пешрафтатаринҳо табдил диҳем.
Дар охир миёни иштирокчиён ва маърӯзачӣ баҳсҳо сурат гирифт.


Азизқулов Б., устоди кафедраи молия ва муомилоти пулӣ