Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Аз шуури сиёсӣ то рушди устувори иқтисодӣ

Аз шуури сиёсӣ то рушди устувори иқтисодӣ

Бо ҳамин мазмун 18 октябри соли ҷорӣ дар толори фарҳангии хобгоҳи №2, ректори ДМИТ Солеҳзода Ашурбой бо фаъолони хобгоҳҳои донишкада вохӯрии кушоду озод доир намуд.
Сараввал, устод донишҷӯёнро ба ватандӯстӣ ва ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват карда, қайд намуд, ки мо бояд пеш аз ҳама шукронаи истиқлолият, тинҷиву амонӣ, ваҳдату ягонагӣ намоему ҳамеша ба Ватан худ ва сарвари оқилу донои давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқонаву софдилона хизмат намоем.
Ҳамчунин ректор вобаста ба одоби сухангуӣ ибрози андеша намуда, афзуд, ки чӣ чиз беҳтар аз забон шуда метавонад, ки калиди дари дониш ва силоҳи ҳақиқату хирад аст. Дар ҳолате, ки бо забон ҳарф мезанем, дарс меомӯзем, ҳақро ба субут мерасонем, аз ин рӯ, ҳар як инсони комилро вазифаи муқаддас ин аст, ки забонро посбони сари худ ҳисобида, мулоҳизакорона андеша ронад, то сазовори ҳамаи хубиҳои олам бигардад.
Дар охир сарвари таълимгоҳ ҳамчун таҳлилгари масъалаҳои иқтисодӣ дар баробари иқтисодиёти ҷумҳуриамонро васеъ таҳлил намудан, хулоса кард, ки дар ояндаи наздик иқтисодиёти Тоҷикистон вобаста аз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба пешравии назаррас ноил хоҳад гашт.
Донишҷӯён аз ин суҳбати озоду самимӣ маъниҳои зиёд бардоштанд. 


Ҷовидон Халифаев
донишҷӯи курси 3, ихтисоси андоз ва андозбандӣ