Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

«ШОҲНОМА»-КОХИ ФАРҲАНГ

«ШОҲНОМА»-КОХИ ФАРҲАНГ

Рӯзи 19-уми октябри соли 2016 дар донишкада бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ нишасти навбатии маҳфили илмиву тарбиявии донишкадавии «Фарҳангдӯст» дар мавзӯи «Шоҳнома»-кохи фарҳанг баргузор гардид. Дар нишасти фарҳангӣ меҳмонон, кормандону устодон ва донишҷӯён ширкат варзиданд. Саид Ахмедов, доктори илмҳои фалсафа, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи мавриди назар баромад карда, оид ба таърих ва ҷойгоҳи ин шоҳасар маълумоти мукаммал дод.
Қайд карда шуд, ки «Шоҳнома» шиносномаи миллатҳои форсизабон буда, дар ташаккули ҷаҳонбинии онҳо нақши муассир бозидааст. Ин шоҳасар муаррификунандаи таърихи бостони мардуми эронинанажод ва тараннумгари идеалҳои олии инсонӣ мебошад. «Шоҳнома» бояд барои баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ истифода шавад.
Сипас устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ Содиқ Бойматов иброз дошт, ки гарчанде «Шоҳнома» ҳазор сол муқаддам навишта шуда бошад ҳам, он арзиши худро гум накардааст. Он имрӯз бояд дар раванди тарбияи насли наврас ҳамчун намуна корбас ва мардум дар номгузории фарзандонашон аз ин асари бузург истифода баранд. Дар ташаккули ғурури миллӣ низ ин шоҳасар метавонад саҳми бузург гузорад.
Ҳамчунин дар муҳокима муаллими кафедраи забони тоҷикӣ Ҷумъа Махшулов иштирок карда, иброз дошт, ки «Шоҳнома» ва Фирдавсии бузург аз таассуби динӣ ҳифз карда шавад. Тарбияи динӣ тавре ба роҳ монда шавад, ки бо арзишҳои милливу фарҳангӣ мухолифат накунад.
Баъдан Зулфия Ахмедова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ дар бораи нақши калидӣ доштани «Шоҳнома» дар тарбияи насли ҷавон андешаронӣ карда, афзуд, ки он сар то по фарогирандаи ғояи ватанпарвариву миллатдӯстӣ аст. Феълан дар донишкада дар раванди дарсҳои тарбиявӣ «Шоҳнома» ва дигар асарҳои ба он монанд ҳамчун адабиёти асосӣ истифода мешаванд. Ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ҳасан Бойназаров низ дар муҳокима ширкат варзида, оид ба эҳё ва нигаҳдории забони форсиву тоҷикӣ ва зинда кардани таърихи куҳани миллӣ аз ҷониби Фирдавсӣ маълумот дода, шеър қироат кард.
Дар фарҷоми нишаст донишҷӯи курси якуми факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ Вализода Сафаргул бо шоҳномахонӣ хотири иштирокчиёнро шод гардонид.   


Фаридун Сафарзода, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ