Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дилнора Амонова ғолиби озмуни «Донишҷӯи сол»

Дилнора Амонова ғолиби озмуни «Донишҷӯи сол»

Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамасола бо мақсади дарёфти ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод, донандагони забонҳои хориҷӣ ва техникаву технологияи замони муосир ва дар ин замина ҳавасманд намудани донишҷӯёни фаъол озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол» эълон ва баргузор карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки соли ҷорӣ низ дар доираи Низомномаи озмуни мазкур дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат марҳилаи якуми он баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ пешниҳод шуданд ва рӯзҳои 20-12 октябр миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат даври ниҳоии озмуни «Донишҷӯи сол — 2016» баргузор гардид.
Дар даври ниҳоии озмун 17 нафар донишҷӯ аз донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, аз ҷумла ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд.
Тибқи низомномаи шартҳои озмун дар рӯзи аввал иштирокчиён дар мавзӯи «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ» иншо навиштанд.
Аз рӯи шарти дуюм довталабон бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаёт ва фаъолияти худро муаррифӣ намуда, вобаста ба суолҳои марбут ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон посух гуфтанд.
Боиси хушнудист, ки дар байни 17 нафар довталабони озмун донишҷӯи курси 3 факултети молия ва қарзи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, гирандаи стипендияи президентӣ Дилнора Амонова сазовори ҷои дувум гардид.
Рӯзи 25 октябр раёсати донишкада ва садорати факултети молия ва қарз барои ин дастоварди беҳтарин Амонова Дилнораро бо Ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз намуд.
Ёдовар мешавем, ки ғолибон аз ҷониби ҳайати Комиссияи босалоҳият, ки аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар таъсис ёфтааст, муайян гардиданд ва дар рӯзҳои наздик маросими ҷоизасупорӣ баргузор мегардад.
Ҳадаф аз озмуни мазкур дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони донишҷӯ, муайян намудани донишҷӯи беҳтарин дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷӯён ва таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон мебошад.


М. Абдуллоева