Хабарҳо

Табиат сарчашмаи тамоми боигарии инсон
Дар ҳамин мавзӯъ рӯзи 24 октябри соли ҷорӣ дотсент кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Абдусалим Маҳмадмуродов ба донишҷӯёни курси якуми ихтисоси аудит ва ревизия аз фанни консепсияи табиатшиносӣ дарси кушоди КМРУ гузаронид.
Донишҷӯён дар ҳайати дастаҳои «Ҷовид», «Ҳозирҷавоб», «Физика-лирика» ва «Комрон» оид ба консепсияи номуайянӣ, симметрияи фазо ва вақт, консепсияи пурракунӣ, назарияи нисбии Эйнштейн фикру ақидаҳояшонро баён намуданд.
Ин усули гузаштани машғулиятҳои кори мустақилона таҳти роҳбарии устод бо зергурӯҳҳо имконият медиҳад, ки донишҷӯён ташаббускор ва эҷодкор бошанд.
Хисрав Муҳиддинов