Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ифтитоҳи китобхонаи илмии ДМИТ

Ифтитоҳи китобхонаи илмии ДМИТ

Рӯзи 26 октябри соли равон маросими расмии ифтитоҳи Китобхонаи илмии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон пас аз таҷдиду азнавсозӣ сурат гирифт, ки дар он намояндагони Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва меҳмонон аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Лентаи рамзиро ректори ДМИТ Ашурбой Солеҳзода ва сардори бахши ҳамкориҳои Намояндагии ИА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мачей Адам Мадалинский буриданд.
Дар маросим, инчунин Иван Борисовлевич, менеҷери барномаи рушди минтақаҳо, Умар Қобилов, сардори ҶММ «Дониш», намояндагони Вазорати молияи ҶТ - Аскаралӣ Баротов ва Алишери Кишвар ширкат варзиданд.
Меҳмонон аз китобхона дидан карда, аз картотекаи электронӣ, ки тоза насб гардидааст, истифода бурданд. Ҳамчунин аз корбарӣ ва усули нави хизматрасонии китобхонаи электронӣ ошноӣ пайдо карданд.
Дар маросим Солеҳзода А. ба намояндагии ИА дар Тоҷикистон барои кумаки навбатӣ ҷиҳати таҷҳизонидани Китобхонаи илмии донишкада изҳори сипос карда, афзуд, ки зиёда аз шаш сол аст ДМИТ бо Намояндагии ИА дар Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ мондааст. Бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар донишкада Лоиҳаҳои грантӣ татбиқ мегарданд ва натиҷаи он ин таҷҳизонидани китобхона буда, ин давоми иқдомҳои созанда аст. Ба донишкада таҷҳизоти ҳозиразамони китобхона ворид карда шуд ва имкониятҳои фарох барои донишҷӯёну омӯзгорон, аспирантон, магистрантону докторантон барои мутолиа ва истифодаи китоб фароҳам оварда шудааст. Дар кори китобхона тағйироти ҷиддӣ ворид гардид, ки хонанда метавонад мустақилона худаш аз он истифода барад. Ҳамчунин китобхонаи электронӣ васеъ карда шуда, дастрасӣ ба ду сервери китобхонавии электронӣ ба забонҳои англисӣ ва русӣ пайдо карда шуд ва гуфтан мумкин аст, ки амсоли он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нест. 
Тавре Солеҳзода А., қайд намуд, аз тарафи ширкати Луис Бергер муддати ду сол аст, ки омӯзгорон такмили ихтисос мегузаранд. Донишкада дар оянда ташкили магистратураи идоракунии молияи давлатӣ ва ташкили маркази рушди ақлҳоро ба нақша гирифтааст, ки онҳо амалишавандаанд. Мо итиминон дорем, ки дар ҳамдастӣ бо ИА ва Вазорати молияи ҶТ дар мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ ба ҳадафҳои худ мерасем, гуфт дар охир ректор.
Намояндаи Иттиҳоди Аврупо Мачей Адам Мадалинский дар баромадаш иброз дошт, ки Иттиҳоди Аврупо донори асосӣ оид ба дастгирии рушди Тоҷикистон дар самти маориф ва идоракунии молияи давлатӣ ба шумор меравад ва ин авлавияти мост. 
Kitob400.jpgИн лоиҳаи дуюми расондани кумак ба ДМИТ буда, барои таҷҳизононидани китобхона Иттиҳоди Аврупо 100 ҳазор евро ҷудо кардааст. Якҷоя бо донишкада барои мукаммалгардонии барномаи таълимии донишкада, коркарди идеяҳо дар мавзӯи идоракунии молияи давлатӣ кор бурда истодаем, гуфт мавсуф.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2009 дар донишкада Лоиҳаи «Баъзе самтҳои ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, татбиқ мегардад. Унсури асосии ин лоиҳа мукаммал гардонидани низоми идоракунии молияи давлатӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи молия мебошад.
Тавре директори китобхонаи илмӣ Абдуқаюм Юнусов иттилоъ дод, дар доираи татбиқи ин Лоиҳа ба донишкада барои таъмини китобхонаи илмии донишкада як қатор молу мавод ворид карда шуд, аз қабили 36 рафи китобҳо, 20 мизи корӣ, 100 курсӣ. 2 мизи калон барои намоиши китобҳо, 3 мизи корӣ барои насби компютер барои донишҷӯён, 4-то аробача барои ҷобаҷокунии китобҳо ва 2 мизи кор барои кормандони китобхона. Ба ғайр аз ин ба китобхонаи илмӣ 1500 нусха адабиёти таълимӣ ба забонҳои русӣ ва англисӣ тақдим карда шуд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, аз ҷумла толибилмони гурӯҳҳои таълимашон ба забони англисӣ таҳсилкунанда кумак мерасонад. 
Донишкада дорои китобхонаи электронӣ буда, толори он ба 56 ҷойи нишаст мутобиқ аст. Айни ҳол 36 адад компютер дар он насб, аз ҷумла 10-тои он ба шабакаи интернет пайваст буда, ба хонандагон хизмат мерасонад.
Дар китобхонаи электронӣ зиёда аз 200 ҳазор нусха адабиёт бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мавҷуд аст.
Бо дастгирии лоиҳаи мазкур китобхонаи электронии донишкада ба китобхонаи электронии онлайн (jstor.org) ва фонди китобхонаи Khigofund.ru барои як сол дастрасӣ пайдо кард. 
Китобхона барои дар оянда омода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи молия ва иқтисод ниҳоят муҳим аст, зеро фаъолияти таълимӣ аз китоб оғоз ёфта, китобхона макони муқаддас ба ҳисоб меравад. Боварии комил дорем, ки толибилмон ҳаёти донишҷӯии худро дар китобхона гузаронида, аз имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода ва дониши худро сайқал медиҳанд.


Машҳура Абдуллоева