Хабарҳо

Маълумот дар бораи форуми байналмилалӣ
Рӯзи 28 октябр дар донишкада вохӯрии Далер Ғуфронов, директори тиҷоратии клуби соҳибкорони ҷавон бо донишҷӯёни донишкада шуда гузашт.
Мавсуф ба ҳозирин доир ба Форуми байналмилалии G5 START UP FORUM, ки рӯзи 5 ноябри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, маълумот дод.
Ба гуфтаи Далер Ғуфронов дар ин Форум 5 нафар соҳибкори муваффақи тоҷик, аз ҷумлаи Акобир Ахмедов, Азим Ҳакимов, Вера Кулакова-Браннеруд, Манучеҳр Қурбоналӣ, Дилшод Ҷӯраев иштирок ва дар бораи фаъолияташон маълумот медиҳанд ва табодули андеша сурат мегирад.
Ин Форуми аввалин буда, иштирокчиён метавонанд аз навгониҳои тиҷорати байналмилалӣ огаҳӣ пайдо намуда, донишҳои назариявии хешро мукаммал созанд.
М. Абдуллоева