Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муваффақиятҳои донишкада дар самти иҷроиши барномаи мубодилаи донишҷӯён

Муваффақиятҳои донишкада дар самти иҷроиши барномаи мубодилаи донишҷӯён

Ҳамасола шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ барои донишҷӯёни дараҷаи бакалавр ва магистр барномаҳои мубодилаи донишҷӯёнро ташкил менамояд. Маҳз дар доираи ҳамин барнома донишҷӯён дар асоси  имтиҳони шифоҳӣ ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Дар ин навбат донишҷӯёни донишкада ба Донишгоҳи НАРХОЗ-и Қазоқистон, Донишгоҳи менеҷменти Алмаато, Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон ва Донишгоҳи Пскови Федератсияи Россия равон гардиданд.
Бори аввалин аст, ки шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон 11 нафар донишҷӯёни фаъолро фиристод. Онҳо санаи 11-уми сентябр ба шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон сафар намуданд.
Барои таҳсил дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қазоқистон 50 нафар донишҷӯ номнавис шуда буданд ва аз байни онҳо танҳо 12 нафар донишҷӯи арзанда, донандагони забонҳои русӣ ва англисӣ интихоб шуданд. Санаи 12-уми сентябр 11 нафар донишҷӯ барои таҳсил дар семестри тирамоҳии соли 2016-2017 ба Донишгоҳи Нархози Ҷумҳурии Қазоқистон ва 1 нафар ба Донишгоҳи менеҷменти Алмаато сафар намуданд. 
Инчунин барои иштирок намудан дар Барномаи мубодилаи донишҷӯён зиёда аз 20 нафар донишҷӯёни донишкада ба Донишгоҳи Пскови Федератсияи Россия номнавис ва аз байни онҳо 4 нафар интихоб шуданд. Санаи 13-уми сентябри соли ҷорӣ 4 донишҷӯи интихобгардида барои таҳсил ба Донишгоҳи Пскови Федератсияи Россия сафарбар гардиданд.
Дар маҷмӯъ, шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ барои таҳсил дар семестри баҳории соли хониши 2016-2017 27 нафар донишҷӯёнро барои таҳсил ба хориҷа равон намуд, ки ин яке аз муваффақиятҳо дар ҷодаи татбиқи Барномаи мубодилаи донишҷӯён мебошад. Дар нақша аст, ки шуъба минбаъд шумораи донишҷӯёнро барои сафарбар намудан дар барномаи ориҷа зиёд намояд.
Бояд қайд намуд, ки таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар хориҷа барои сайқал додани дониш ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо  таъсири мусбӣ мерасонад.


Саломиён Шаҳром 
мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ