Хабарҳо

Ташрифи намояндаи Донишгоҳи Назарбоев (Қазоқистон) ба ДМИТ
Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба маълумоти Шумо мерасонад, ки санаи 26-уми октябри соли 2016 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо намояндаи Донишгоҳи Назарбоеви Ҷумҳурии Қазоқистон, Ричард Каслберри – мудири шуъбаи тараққиёти тиҷоратӣ доир ба барномаҳои омузишӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ деканҳои факултетҳо иштирок доштанд.
Сухани ифтитоҳиро ректори донишкада А.Солеҳзода оғоз намуда, дар бораи донишкада дар шакли презентатсия бо забони англисӣ ба мењмонон маълумот дод. Дар вохурӣ дар бораи барномаи мубодилаи донишҷӯён, таҳсили фосилавӣ ва таҳсили дудиплома суҳбат гузаронида шуд ва дар охир қайд гардид, ки иҷроиши ин ҳама самтҳо танҳо баъд аз бастани шартнома амалӣ хаҳанд гардид.
Сипас, Ричард Каслберри дар толори лексионии бинои 2-юм бо устодону донишљўёни донишкада вохурӣ карда, дар бораи Донишгоҳи Назарбоеви Ҷумҳурии Қазоқистон, оид ба таҳсил дар ин донишгоҳ, инчунин бурсияҳои таҳсил, ки аз тарафи донишгоҳи мазкур ба донишҷӯёни тоҷик ҷудо мегарданд, маълумот дод.
Дар охир устодону донишҷӯёни донишкада ба Ричард Каслберри суолҳо доданд ва аз эшон посухҳои муфид гирифтанд.