Хабарҳо

Арзёбии хусусиятҳои тамоюли ҳамгироии аврупоӣ
Дар маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ» масъалаҳои назария ва амалияи равандҳои ҳамгироии Аврупоӣ, заминаҳои илмию омӯзишии ташаккул ёфтани хусусият, пуртазодӣ ва тамоюлҳои тараққӣ ёфтани он дар замони муосир мавриди баҳс қарор гирифт.
Дар маҳфил дотсенти кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ Мурод Худоиев дар мавзӯи «Ҳамгироии Аврупоӣ: хусусиятҳо, тазодҳо ва тамоюлҳои рушд» баромад кард.
Ректори донишкада Солеҳзода А. кори маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, таваҷҷуҳи ҳозиринро дар заминаи боз ҳам тақвият додани корҳои омӯзишӣ дар самти назария ва амалияи ҳамгироӣ аз тарафи ҳар як фард ҷалб намуд.
Чунонки Худоиев М. дар баромади хеш иброз дошт, асоси ташаккул додани муносибатҳои ҳамгироӣ, дуруст дарк намудани ҷараёни ҳамгироии Аврупоӣ аз нигоҳи ташкилию ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва урфу одатҳои хосаи мамлакатҳои шарик мебошад. Имрӯзҳо дар ин самт дигаргуниҳо босуръат идома дошта, ҳамгироии Аврупоӣ дар қатори дигар созмону ташкилотҳо тақвият меёбад. Ин раванд аз минтақаи озоди иқтисодӣ оғоз ёфта, то ба имрӯз дар доираи муносибатҳои байналхалқӣ ба яке аз ниҳодҳои институтсионалӣ ва давлатӣ табдил ёфт. Ташаккули чунин дигаргуниҳо бо бартарият пайдо намудани омили сиёсӣ нисбат ба иқтисод аз тарафи мавсуф қайд гардид. Дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ ташаккули сохторӣ, рақобати озод, майли иҷтимоидошта ва мавқеи хоса гирифтани ҳамин иттиҳод арзёбӣ шуд. Ҳамчунин вобаста ба муносибатҳои эволютсионии байниҳамдигарӣ, зиддиятҳои дохилӣ ва берунӣ, тезутундшавии ҷараёнҳои ҳамгироӣ дар атрофи шарикони асосии Иттиҳоди Аврупо истода гузашт.
Ҳамин тавр, натиҷагириҳо чунин буд, ки ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи рушди муносибатҳои ҳамгироии Аврупоӣ бо сатҳи сифатан нави пеш гирифтани бозсозиҳо, бозгӯ нашудани омӯзиши онҳо дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ гардид.
Дар музокира Солеҳзода А. дар бораи пеш гирифтани роҳҳои нави истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ, ба эътибор гирифтани мушкилиҳои ҳамкориҳои минтақавӣ ва рафъи онҳо дар мавқеъгирии рушди оянда, истифодабарии васеи дастовардҳои замони муосир дар ҷараёни ҳамгироиҳо андешаҳои худро баён кард.
Дар доираи масъалаи баррасишуда ширкаткунандагон ба маърӯзачӣ савол дода, ҷавобҳои пурмазмун гирифтанд.
Саъдихоҷа Маъдиев, котиби маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ»