Хабарҳо

Самараи фаъолияти маркази такмили ихтисоси ДМИТ
Аз 3-юм то 12-уми октябри соли равон дар Маркази такмили ихтисоси ДМИТ курси «Банақшагирии буҷети давлатии мақомоти молия» бо иштироки шунавандагон аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Нахуст сардори Сарраёсати буҷети ҷумҳурии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайвалӣ Сафаров шунавандагонро бо моҳияти курс ошно намуд.
Ба онҳо муаллимони дорандаи унвони илмӣ аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон: А. Бегматов, Г. Оймаҳмадов, Ш. Нуров, инчунин муаллимони калони донишкада, Х. Ахмедов ва Д. Хоҷаев, мутахассисони барҷастаи Вазорати молия А. Шукуров, Б. Насруллоев, А. Баротов ва дигарон дарс доданд.
Ба шунавандагони курс барои дар сатҳи баланд гузаронидани дарс ба компютер ва проектор, тахтаи электронӣ ва дигар таҷҳизоти лозима ва истиқомат дар хобгоҳи замонавӣ таъмин карда шуда, онҳо баъди анҷоми даҳрӯзаи дарсҳо ба сайёҳат сафарбар гардиданд ва аз ҷойҳои таърихию зебоманзари шаҳрҳои Душанбеву Ҳисор ва ноҳияи Варзоб дидан намуданд.
Дар охир ба шунавандагон барои иштироки фаъолона дар дарсҳо ва аз худ кардани мавзӯъҳо сертификат супорида шуд.
Онҳо дар бораи манфиатбахш будани чунин курсҳо дар такмили ихтисос ва ҳамкорӣ бо ДМИТ, шароити хуби таълимгоҳ, хобгоҳ изҳори хушнудӣ намуда, миннатдории хешро ба Вазорати молия ва Маркази такмили ихтисоси ДМИТ расониданд.
Наврӯз Ҷобиров