Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баҳром Сафаров дар Донишгоҳи давлатии Псков бо донишҷӯёни ДМИТ вохӯрд

Баҳром Сафаров дар Донишгоҳи давлатии Псков бо донишҷӯёни ДМИТ вохӯрд

Аз 23 то 28 октябр муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишкада Сафаров Б. Г. барои иштирок дар Ҳафтаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии Пскови Федератсия Россия, ки бахшида ба 5-солагии таъсисёбияш ташкил намуда буд, иштирок дошт. Зимни сафари хизматӣ аз ин донишгоҳ Сафаров Б. Г., бо донишҷӯёни ДМИТ, ки тибқи барномаи мубодилаи донишҷӯён 4 нафар дар зинаи бакалавр ва 2 нафар дар зинаи магистратура таҳсил менамоянд, вохӯрда, аз вазъи таҳсил ва зисти онҳо огаҳӣ пайдо намуд.
Ҳамзамон бо ректори Донишгоҳи давлатии Псков Демьяненко Юрий Анатольевич, муовини ректор оид ба таълим ва робитаҳои байналмилалӣ Махотаева Марина, декани факултети иқтисодӣ Махотаев Михаил Алекеевич ва шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ вохӯрӣ намуда, доир ба масъалаҳои барномаи шабакавии донишҷӯён, таҷрибаомӯзии устодон, мубодилаи профессору устодон ва таҳсилоти дудипломаю фосилавӣ, баргузории конфронсу симпозиумҳо ва семинарҳою дарсҳои вебинарӣ гуфтушунид намуд. Ба устодон ва донишҷӯёни ин донишгоҳ навори видеоиро аз ҳаёти ДМИТ нишон дода, дар мавзӯи «Имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон» лексияи кушод доир намуд.
Дар навбати худ ректори Донишгоҳи давлатии Псков ба паёми табрикотии ректори ДМИТ Солеҳзода А.А. ва аҳли коллективи донишкада миннатдорӣ изҳор намуда, роҷеъ ба ҳамкориҳои судманд изҳори қаноатмандӣ ва барои идомаи ҳамкориҳо дар самтҳои дигари илмию таълимӣ пешниҳодҳо кард. Дар доираи Ҳафтаи байналмилалӣ донишҷӯёни мо дар қатори донишҷӯёни 30 давлати ҷаҳон, ки дар ин донишгоҳ таҳсил менамуданд, дар Шаби фарҳангӣ иштирок намуда, оид ба таъриху фарҳанги пурғановати Ҷумҳурии Тоҷикистон презентатсия ва рақси тоҷикиро нишон доданд, ки аз тарафи ҳозирин хуш пазируфта шуд. Инчунин устодони ин донишгоҳ аз вазъи таҳсили донишҷӯёни ДМИТ изҳори розигӣ намуда, арз доштанд, ки тайёранд боз донишҷӯён ва устодонамонро низ барои таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ қабул ва моҳҳои феврал ва марти соли 2017 устодони худро барои хондани курси лексия ба донишҷӯён равон намоянд.