Хабарҳо

Ҷустуҷӯи эҷодӣ
31.10.2016. Имрӯз кафедраи молия ва муомилоти пулӣ маҳфили илмии донишҷӯёнро доир намуд.
Маҳфилро мудири кафедра Ш. Нуров ҳусни оғоз бахшид.
Сипас донишҷӯи курси 4, ихтисоси молия Лоиқов Маҳдӣ дар мавзӯи «Молияи хоҷагиҳои хонаводагӣ (оила)» баромад карда, оид ба мафҳум, намудҳо ва сатҳу нишондиҳандаҳои молиявии хоҷагиҳои хонаводагӣ ва алоқамандии онҳо ба фаъолияти давлат малумот дод. Мавсуф иброз дошт, ки иштироки захираҳои молиявии хоҷагиҳои хонаводагӣ дар ташкили соҳибкорӣ ва сармоягузории истеҳсолӣ аҳамиятнок аст.
Ҳамзамон донишҷӯи курси 4, ихтисоси молия Ҳамидов Саидҷон дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона» баромад намуда, доир ба аҳамияти Конститутсия, риоя ва иҷрои принсипҳо ва талаботҳои ин санад дар ҳаёту рӯзгори шаҳрвандон ибрози андеша кард. Рушду нумуи иқтисодиёт ва сатҳи некуаҳволии мардум, пеш аз ҳама, аз малака ва ривоҷу равнақи шуғли аҳолӣ ва оқилонаву самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ вобаста аст, гуфт номбурда.
Дар охир, мубодилаи афкор сурат гирифт, ки иштирокчиён аз он ғизои маънавӣ гирифтанд.
Хисрав Муҳиддинов