Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Абдулҳамид гӯштингири ғолиб

Абдулҳамид гӯштингири ғолиб

Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 28-30 октябри соли равон дар ноҳияи Рашт мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Гӯштини миллӣ» баргузор гардид.
Дар мусобиқа аз донишкадаи мо низ донишҷӯи курси якуми факултети молия ва қарз Абдулҳамид Муҳибов байни ҷавонони соли таваллудашон 1997-2001, дар вазни 100 кг дар намуди гӯштини миллӣ иштирок карда, сазовори ҷойи якум гардид.
Абдулҳамид Муҳибов дар намуди гӯштини самбо Раҳимов Давлат ва дар намуди гӯштини миллӣ Айниддинов Ибодуллоро устоди худ медонад ва зери роҳбарии ин ду устоди варзиш тамрин кардааст.
Бояд гуфт, ки ин музаффарияти аввалини Абдулҳамид нест. Ин варзишгари ҷавону умедбахш дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Гӯштини самбо» байни наврасони солҳои таваллуди 1998-2000 дар вазни 90 кг иштирок ва сазовори ҷойи дуюм ва дар чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба «Гӯштини самбо» байни наврасон иштирок карда, соҳиби ҷойи якум гардидааст.


Х. Муҳиддинов