Хабарҳо

Конститутсия – санади тақдирсоз
2.11.2016. Имрӯз дар донишкада бо ибтикори устоди кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Бахтовар Раҳматов дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи «Моҳияти мафҳуми худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» бахшида ба 22-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Онро сармутахассиси шуъбаи тарбия Мавҷуда Давлатова ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки Конститутсия ҳамчун санади тақдирсоз барои рушд ва пешбурди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи муосири Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Сипас мудири кафедраи фанҳои гуманитарии коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе Ҳасан Обидов дар мавзӯи «Парчам - ҳастии миллат» маърӯза намуд. Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассумгари мақсаду маром ва орзую ормонҳои миллати тоҷик аст, ки зери сояи он мо дар роҳи ободии ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафсун ноил хоҳем гашт, гуфт номбурда.
Ҳамзамон донишҷӯёни курси сеюм М. Раҳимов дар мавзӯи «Моҳияти Ватан ва ватанпарастӣ», Ш. Мениқулов дар мавзӯи «Муқаддасоти миллӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳо ба он» ва Д. Ғафуров дар мавзӯи «Таърихи халқи тоҷик» маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар охир донишҷӯи курси дуюм З. Нуралиева дар васфи Ватан шеърҳо қироат намуда, хотири ҳозиринро болида сохт.
Хисрав Муҳиддинов