Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Иқтисодчиёни ҷавон

Иқтисодчиёни ҷавон

Бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён рӯзи 2 ноябри соли равон кафедраи назарияи иқтисодӣ маҳфили илмии донишҷӯён «Иқтисодчиёни ҷавон»-ро (роҳбараш ассистенти кафедра Давлатмамад Балхов) дар мавзӯи «Камбизоатӣ ва роҳҳои паст кардани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намуд. 
Дар маҳфил донишҷӯёни фаъоли донишкада Нозанини Сорбон, Султонзода У. ва Ф. Маҳмадов дар мавзӯи «Poverty and the ways of reducing it», Ф. Мирганова дар мавзӯи «Измерение неравенства в распределении доходов. Бедность и ее черты», Ҷ. Шарипов дар мавзӯи «Камбизоатӣ ва роҳҳои раҳоӣ аз он» ва С. Гулов дар мавзӯи «Камбизоатӣ ва роҳҳои паст кардани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад карда, мавзӯъҳои матраҳгардидаро муҳокима карданд.
Маърӯзачиён қайд карданд, ки омилҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ин баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва такмили системаи маълумотнокӣ маҳсуб меёбад. Ин ду омил метавонад сатҳи камбизоатиро дар кишвар коҳиш диҳад. 


Хисрав Муҳиддинов