Хабарҳо

Конститутсия - роҳнамои миллат
Бахшида ба ҷашни 22-юмин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи дуюми ноябри соли ҷорӣ дар донишкада кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Конститутсия - роҳнамои миллат» баргузор намуд.
Чорабиниро декани факултет Ҷурахон Шарипов кушода, иштирокчиёнро ба ин ҷашни муҳим табрик намуд.
Сипас маърӯзаи мудири бахши ҳуқуқи донишкада Фаридун Мирсаидов дар мавзӯи «Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсози миллат» шунида шуд. Номбурда дар маърӯзааш қайд кард, ки воқеан бо қабули ин хуҷҷати муҳим дар ҳаёти мардуми тоҷик саҳифаҳои нав боз гардид ва соҳаҳои мухталифи ба ҳаёти халқ рабтдошта рушду нумӯъ ёфт.
Инчунин донишҷӯён Алиакбар Файзов дар мавзӯи «Конститутсия ҳуҷҷати сарнавиштсоз», Саидҷон Ҳомидов дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона», Файзалӣ Зарипов дар мавзӯи «Конститутсия роҳнамои давлати ҳуқуқбунёд», Сомон Камолов дар мавзӯи «Як рӯзи тақдирсози миллати тоҷик» ва Ҳусейн Восиев дар мавзӯи «Конститутсия роҳнамои миллат» маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешкаши ҳозирин намуданд.
Дар охир қайд гардид, ки нақши ин ҳуҷҷати тақдирсоз натанҳо дар пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳимми хоҷагии халқ, балки дар устуворгардонии пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ низ ниҳоят муҳим мебошад.
Сулаймон Дӯстов