Хабарҳо

Конститутсия - муқаддасоти миллат
3.11.2016. Имрӯз дар донишкада факултети молия ва қарз бахшида 22-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Конститутсия муқаддасоти миллат» мизи мудаввар доир намуд. Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Зулфия Ахмедова оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрик кард.
Сипас вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода дар мавзӯи «Такмилдиҳии ҳуқуқи конститутсионӣ дар замони муосир» баромад карда, оид ба аҳамият ва нақши такмилдиҳии ҳуқуқҳои конститутсионӣ андешаронӣ намуд.
Ҳамзамон донишҷӯи курси 4 Саидҷон Ҳамидов дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар 25-соли истиқлолият» сухан кард.
Дар охир барои болида сохтани хотири ҳозирин саҳначаи тарбиявӣ ва қироати шеърҳо дар васфи Ватан бо иштироки донишҷӯёни факултет иҷро гардид, ки он паҳлӯҳои ахлоқӣ ва тарбиявии ҷавонони имрӯзаро инъикос менамуд.
Наврӯзбек Пиров
раиси Созмони ҷавонони факултет