Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Конститутсия - бахтномаи миллат

Конститутсия - бахтномаи миллат

Рӯзи 2 ноябри соли ҷорӣ факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ дар мавзӯи «Конститутсия - бахтномаи миллат» мизи мудаввар баргузор намуд.
Чорабиниро декани факултет Хуршед Давлатов ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Конститутсияро беҳуда бахтномаи миллат нагуфтаанд, зеро ин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашмаи асосии маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Сипас мудири шуъбаи тарбия Бегмурод Раҷабов вобаста ба зарурати қабули санади олии ҳуқуқӣ ба ҳозирин маърӯза карда, иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати бартарият дар қатори беҳтарин ва авзалтарин конститутсияҳои рӯи дунё мақоми хоса дорад.
Ҳамзамон муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ С. Бойматов оид ба таърихи қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зад. Санаи таърихии қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар саҳифаи таърихи пурғановати миллати бофарҳанги тоҷик бо хатҳои заррин сабт гардидааст, гуфт номбурда. 
Ҳамчунин магистранти соли аввали донишкада Фирӯзи Талбак дар мавзӯи «Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон» маърӯзаи пурмуҳтаво кард.


Маҳбуба Ғафорова
мутахассиси шуъбаи тарбия