Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Конститутсия беҳтарин санад

Конститутсия беҳтарин санад

4 ноябри соли равон дар донишкада бахшида ба 22-юмин соргарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ барпо гардид. Дар он устодону кормандон, донишҷӯён ва намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирҷон Абдуҷабборов ва аз Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Турсунов ва Нилуфар Саидова иштирок ва суханронӣ карданд.
Чорабиниро ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода ифтитоҳ ва ҳозиринро бо ин санаи муҳим муборакбод намуда, қайд кард, ки ин санади асосӣ ҳамчун муайянкунандаи роҳу равиши кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон хизмат мекунад. Конститутсия ба ҷумлаи беҳтарин санадҳо дохил шуда, мабдаъҳои ҷавҳариаш нахустасоси таъминкунандаи ҳаёти осудаи мардуми кишвар ва рушди муттасили соҳаҳои гуногуни ҷомеа ба шумор меравад.
Итминони комил дорем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тағйиру иловаҳое, ки дар соли 2016 ворид карда шуданд, барои татбиқи пурраи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 хизмат хоҳад намуд. 
Ҳамаи мо барои амалигардонии меъёрҳои шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию иқтисодии шаҳрвандон кӯшиш ба харҷ бояд диҳем, гуфт дар охир ректор.
Баъдан Собирҷон Абдуҷабборов ва Хисрав Турсунов ҳозиринро бо Рӯзи Конститутсия табрик гуфтанд. Аз ҷумла Турсунов Х. дар бораи тағйиру иловаҳои воридшудаи Конститутсия андешаронӣ карда, афзуд, ки тағйиру иловаҳо дар замони худ зарурӣ буд ва зиндагӣ собит сохт, ки ин санади тақдирсоз барои таҳкими пояҳои истиқлолият ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат намуд.
Сипас маърӯзаҳои Фаридун Мирсаидов, мудири бахши ҳуқуқи ДМИТ дар мавзӯи «Конститутсия бахтномаи миллат» ва Ҷамрод Бобоев, дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар ҷараёни фаъолияти қонунэҷодкунӣ» маърӯзаҳои пурмазмун карданд.
Дар маърӯзаҳо гуфта шуд, ки мавқеи Конститутсия дар муайян ва равон кардани мазмуни қонунҳои сершумор ва санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон бо роҳи татбиқи асос ва заминаҳои муқарраргардида хеле калон аст. Аз ин рӯ, Конститутсия ва ҳолату меъёрҳои он дар ташаккулёбии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар пайдо гардидан ва камолоти давлатдорӣ дар кишвар аҳамияти муайянкунанда дорад. 
Ҳамзамон зикр гардид, ки Сарқонун ҳуҷҷати расмии дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудудии кишвар, моҳият ва вазифаи давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодию сисёсӣ, иҷтимоию фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.
Дар охири чорабинӣ барои фаъолияти бенуқсон дар самти таълиму тарбия ба Исломиддин Фасихов, сардори Раёсати таълим нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. 
Ҳамчунин ба донишҷӯи курси 4, факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ Фотима Раҷабова барои хониши хубу аъло ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ Ифтихорномаи раиси ноҳияи Фархор супорида шуд.


Машҳура Абдуллоева