Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибият муборак, Оятулло!

Ғолибият муборак, Оятулло!

Бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 5-6 ноябри соли равон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба Шотокан каратэ-до S.K.I.F-ро баргузор намуд. Дар мусобиқаи мазкур аз донишкадаи мо низ донишҷӯи курси якуми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ Оятулло Қодиров иштирок дошт. Ӯ дар сабқати байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон дар вазни 60 кг дар намудҳои ката ва кумите иштирок карда, сазовори ҷойи якум гардид. Оятулло дар ин намуди варзиш Маҳмадулло Мирзоев, сарвари Маркази рушди Шотокан Каратэ-до дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро устоди худ медонад.
Дар оянда мо ба ин варзишгари ҷавону умедбахш дастовардҳои нав ба навро таманно дорем.


Муҳиддинов Х.