Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Конститутсия санади муътамад

Конститутсия санади муътамад

Имрӯзҳо дар тамоми муассисаву ташкилот ва марказҳои илмиву ҷумҳуриявии шаҳру навоҳии мамлакат тантанаҳои идона ва чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ бахшида ба 22-солагии Конститутсия - шиноснома ва шаҳодатномаи миллат бомаром ҷараён дорад. 
Ҳайати устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати сартосарӣ, дар фазои соҳибистиқлолии мамлакат ин санаи таърихӣ ва фаромӯшнашавандаро бо доирнамоии маҳфилҳову чорабиниҳои мухталиф хотирмон истиқбол гирифтанд.
Дар ин асно, имрӯз (05.11.2016 сол) бо ташаббуси факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти донишкада бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Чорабинии мазкурро муовини ректор оид ба тарбия Зулфия Ахмедова бо иқтибос аз суханони Роҳбари давлат оғоз намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр сохта буданд, ки бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд. 
Ахмедова З., ҳамчунин дар бораи нақш ва моҳияти Қонуни асосӣ сухан ронда, ҳамагонро бо ин санаи фархунда муборакбод намуд.
Декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Амрулло Нуралиев дар бораи арзиши олӣ эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия ҳарф зада, инро нишони қадрдонии воло арзёбӣ кард.
Дар идома мудири бахши ҳуқуқи ДМИТ Фаридун Мирсаидов дар мавзӯи «Конститутсия - бахтномаи миллат» маърӯза намуда, доири дар асоси Конститутсия қабул гардидани қонунҳои конститутсионӣ ва кодексу дигар қонунҳо, ки батанзимдарорандаи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд, изҳори андеша намуд.
Дар тақвияти суханони боло донишҷӯи курси дуюми ихтисоси логистика Ҷ. Фатҳуллоева дар мавзӯи «Пайдоиши Конститутсия ва инкишофи он дар даврони истиқлолият» баромад намуда, аз давраҳои таърихии қабули Конститутсия дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ, инчунин дар даврони мустақилият гуфт.
Мавсуф зимни суханронии худ афзуд, ки қабули Конститутсия омилҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷамъият, яъне шаклҳои моликият ва ташкили фаъолияти иқтисодӣ, муносибати шахс бо давлат ва муҳимтарин ҳуқуқу вазифаҳои онҳо, гурӯҳҳои иҷтимоии ҷамъиятро муайян месозад.
Дар интиҳои ҷаласаи тантанавӣ байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.


Наврӯз Ҷобиров