Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Футболи хурд дар факултет

Футболи хурд дар факултет


Бо ташаббуси садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бахшида ба Рӯзи Президент мусобиқаи футболи хурд байни донишҷӯёни курсҳои 1-ум гузаронида шуд. Донишҷӯён ба 10 даста тақсим шуда, аз рӯи ин намуди бозии варзишии шавқовар қувваозмоӣ намуданд.


Ҷои якум дар ин озмун насиби донишҷӯёни ихтисоси 1-3103060104, ҷои дуюм насиби гурӯҳи 1-25011200 ва ҷойи сеюм насиби 1-40010202 гардид. Ба беҳтарин бозингар Азизҷон Шарифзода, беҳтарин дарвозабон Абдурашид Зикирзода ва беҳтарин ҳимоятгар Сайёд Ғафуров аз тарафи садорати факултет туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.



Н. Тӯйчизода