Хабарҳо

Беҳтаргардонии сифати таълим дар ДМИТ
Тарзу восита ва роҳу усулҳои болобурди сатҳи сифати таълим ва беҳтар гардонидани ҷараёни таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки мутахассисони соҳибмаълумоти ҷавобгӯи талаботи замони имрӯзро тайёр месозанд, аз устодони дорои ҷаҳонбинии илмӣ, дониши васеъ, малака ва маҳорати касбӣ зиёд вобастагӣ дорад. Ин аст, ки роҳбарияти донишкада ва раёсати таълим бо мақсади хушсифат гардонидани таълим ва такон бахшидан дар самти боз ҳам беҳтарсозии раванди таълим дар донишкада тасмим гирифтанд, ки барои ассистентон ва муаллимони ҷавони кафедраҳо курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии «Маҳорати педагогӣ»-ро ташкил намоянд.
Инак, рӯзи 9 ноябри соли 2016 курсҳои омӯзишии «Маҳорати педагогӣ» оғоз шуда, олимони соҳаи педагогика, профессор Қодиров Қ.Б. ва дотсент Носиров С.Ш. барои таълими устодони ҷавони камтаҷриба ҷалб шудаанд.
Ин устодони дар соҳаи таълимшиносӣ таҷрибаи ғанидошта машғулиятҳоро бо маҳорати баланд гузаронида, бар он мекӯшанд, ки дарсҳо ҷолибу шавқовар сурат гиранд ва дар ин ҷараён проблемаҳои таълим, тарбия, моҳият, принсип ва хусусиятҳои таълим, методҳои наву инноватсияи таълим, равандҳои педагогӣ ва ҳамзамон роҷеъ ба мушкилоти муаллимону усулҳои азбарнамоии дониш, малака ва маҳорат аз сӯи донишҷӯёнро мавриди баҳс ва омӯзиш қарор диҳанд.
Мубоҳиса ва саволу ҷавобҳо перомуни мавзӯъҳои актуалии педагогика бештар доир шуда, дар такя ба талаботи замони имрӯз барномаи курсҳои омӯзишии мазкур роҳандозӣ шуда истодааст.
Бояд таъкид кард, ки бо таваҷҷуҳи зиёд ба ин курсҳо муаллимон шомил шуда, майлу рағбати бештар зоҳир менамоянд. Ин аз иштироки фаъоли онҳо дар машғулиятҳо далолат медиҳад.
Дар кушодашавии курсҳои маҳорати педагогӣ ректори донишкада Солеҳзода А.А., ноиби ректор оид ба таълим Хайров Ш.Қ., сардори шуъбаи мониторинг ва сифати таҳсилот Холбобоев Р. ширкат варзида, дар бораи зарурати ташкили курсҳои мазкур ва муҳиммияти онҳо ҷиҳати болобурди сатҳу сифати таълим ибрози андеша карданд.
Ҳамчунон гуфта шуд, ки ин иқдоми наҷиб бо мақсади такмили ихтисоси омӯзгорон ва сайқал додани маҳорати касбии онҳо рӯи кор омада, раёсати ДМИТ пайваста дар ин самт тадбирҳо меандешад.
Хисрав Муҳиддинов