Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷоизаи махсуси «Комсомольская правда» ба Насрулло Тўйчизода

Ҷоизаи махсуси «Комсомольская правда» ба Насрулло Тўйчизода

Боиси ифтихор аст, ки ҳамкори мо, журналисти варзида муҳаррири рўзномаи «Молия ва иқтисод» Насрулло Тўйчизода барои иштирок дар озмуни байналмилалии журналистии «Наслҳои ҷаҳон («Поколоние мира») сазовори ҷоизаи махсуси нашрияи «Комсомольская правда» гардид. Ин ҷоиза ба се нафар хабарнигор - Насрулло Тўйчизода (Тоҷикистон), Анастасия Хатиашвили (Гурҷистон) ва Елена Маркова (Россия) насиб гардид.
Озмуни мазкур дар аввали соли ҷорӣ аз ҷониби хазинаи байналмилалии «Русский мир» эълон шуда буд. Дар он беш аз 130 кори журналистӣ аз кишварҳои олам ворид шуда, нашрияи «Комсомольская правда» низ тасмим гирифт дар қатори муассисон ба се хабарнигор ҷоизаи махсуси худро таъсис диҳад.
Ҷоизаро дар вазъияти тантанавӣ дар бинои Ҳукумати шаҳри Москва дар доираи баргузории Ассамблея 10-умини Хазинаи «Русский мир» ба Насрулло Тўйчизода роҳбари Департаменти ҳуқуқи муаллифӣ ва лоиҳаҳои байналмилалии ҶС «Хонаи ноширони Комсомольская правда» Митюсова Татяна Владимировна супорид. Ҳамзамон ў қайд намуд, ки аз байни корҳои зиёди эҷодии журналистон ин се журналист бо нигоҳи тоза дар ҷодаи журналистӣ ва тарзи баёни худ фарқ мекунанд.
Бояд гуфт, ки Насрулло Тўйчизода ин ҷоизаро барои силсиламақолаҳо дар бораи саҳми тоҷикистониён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар маҷаллаи «Форум плюс»-и Россия (Москва) чоп шудааст, гирифтааст. Насрулло Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон буда, бо маводи хонданӣ ва ҷолиби хеш дар васоити ахбори ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар маъруфият пайдо кардааст.
Ҳайати эҷодии рўзномаи «Молия ва иқтисод» Насрулло Тўйчизодаро бо ин дастовард табрик гуфта, барояш қалами буррои созанда ва парвозҳои нави эҷодӣ таманно доранд.