Хабарҳо

Дарси ватандӯстӣ
Имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ бахшида ба рӯзи Президент чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ бомаром ҷараён доранд.
Ҳайати устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ барои сазовор ҷашн гирифтани ин санаи муҳимми сиёсӣ маҳфилу чорабинии гуногуни тарбиявӣ баргузор менамоянд.
Бо мақсади бо кору фаъолият, хизматҳои шоён, ҳуқуқ ва вазифаву уҳдадориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно сохтани донишҷӯён рӯзи 11 ноябри соли равон куратори курси 3, ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар фаъолияти иқтисоди берунӣ, гурӯҳи «а» Мавҷуда Давлатова ва куратори курси 3, ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои илмӣ ва буҷетӣ, гурӯҳи «б» Назарзода Алишер дар ҳамин мавзӯъ дарси тарбиявӣ гузарониданд.
Кураторон дарсро ба донишҷӯён бо истифода аз асарҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷолибу хотирмон гузарониданд.
Бояд тазаккур дод, ки гузаронидани чунин дарсҳои тарбиявӣ ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии толибилмонро боз ҳам афзун менамояд.
Х. Муҳиддинов