Хабарҳо

Кураторон муваззаф гардиданд
Рӯзи 11 ноябри соли 2016 дар факултети ҳисобдорӣ ва омор ҷаласаи васеъ бо иштироки сармутахассиси шуъбаи тарбия Мавҷуда Давлатова, садорати факултет, кураторони гурӯҳҳои академӣ баргузор карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои қисмати тарбиявии факултет вобаста ба дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати саривақт иҷро гардидани вазифаҳо, пурсамар гузаронидани соатҳои тарбиявӣ дар гурӯҳҳои академӣ, таҳкими равобит бо волидайни донишҷӯён, назорати қатъии давомоти толибилмон баррасӣ карда шуд.
М. Давлатова ҷиҳати дар сатҳи баланд қайд гардидани ҷашнҳои расмӣ, аз ҷумла Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштироккунандагони ҷаласа дастуру супоришҳои раёсатро расонид.
Х. Муҳиддинов