Хабарҳо
Нақши мероси ниёгон дар гуфтугӯи фарҳангҳо
9-уми ноябри соли 2016 дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Нақши мероси ниёгон дар гуфтугӯи фарҳангҳо» баргузор гардид. Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзулло кушода, дар бораи ҳадафу мароми ин нишасти илмӣ андешаҳои ҷолиб иброз намуд.
Дар конфронс намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва вазоратҳои дахлдор иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин конфронс ҳозирин бештар ба маърӯзаҳои Абдунабӣ Сатторзода таҳти унвони «Таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ: нигоҳи имрӯза» ва муовини директори Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ Рустам Азизӣ дар мавзӯи «Андешаҳо перомуни шинохти нодурусти вожаи “маҷус”(муғ) дар сарчашмаҳои кӯҳан» мароқи бештар зоҳир карда, атрофи онҳо баҳсҳои доманадоре баргузор намуданд. Нуктаи ҷолиби суханронии Абдунабӣ Сатторзода ин буд, ки арзишҳои динӣ ва миллиро набояд муқобили ҳам гузошт, набояд яке аз онҳоро нодида гирифт. Баъзе афрод гуё исломро дини бегона аз арзишҳои миллӣ медонанд, ҳақ нестанд. Дар давоми суҳбаташ ибрози андеша намуд, ки Саъдии Шерозӣ нахустин шахсест, ки истилоҳи одамиятро истифода бурдааст, ки ҳаммаънии гуманизм аст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар ин ҳамоиш устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Донишҷӯён дар конфронси мазкур фаъолона иштирок намуда, ба суолҳои худ аз ҷониби олимону донишмандон посухҳои мусбӣ гирифтанд. Боиси хурсандист, ки донишҷӯён дар чунин ҳамоишу конфронсҳои илмӣ иштирок менамоянд ва ба илм мароқ зоҳир намуда, кӯшиш менамоянд аз равандҳои сиёсии ҷаҳон ва минтақа огоҳ шаванд.
Нишасти илмиро директори Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ Ф. Баротзода ҷамъбаст намуда, ба иштирокчиёни конфронс изҳори сипос намуд.
Далер Сангинов
ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ