Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷикон

Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷикон

Ба муносибати таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи тарбия ва садорати факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ рӯзи 15 ноябри соли равон семинари илмӣ-амалӣ доир гардид.
Онро Ғиёсиддин Ашуров, муовини ректор оид ба илм ифтитоҳ карда, дар бораи хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти мамлакат ва мавқеъгирӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуд.
Сипас Нодир Одилов, профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷикон» баромад карда, аз ҷумла гуфт, ки имрӯзи мо натиҷаи дирӯзи мост. Дар сулҳе, ки Пешвои миллат бо мухолифин бастанд, шеваи хирадмандию гузашткунӣ, ки хоси нобиғагон аст, истифода шудааст. Барои пеш бурдани давлатдорӣ барои шахсият шуҷоат, хирад ва адолат зарур аст ва аз натиҷа ва дастовардҳои давлатдории тоҷикон намоён аст, ки Пешвои миллати мо ҳамаи ин хислатҳоро дороянд ва ба инҳо такя карда, ин сиёсатмадори бузург давлатро сохтанд. 
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корро аз муттаҳид кардани мардум дар гирди худ ва атрофи давлат оғоз карданд, ки барои ин таҳкими худшиносии миллӣ лозим буд. Бо мақсади бедор кардани худшиносии миллӣ асарҳои безаволи худро навиштанд ва ба эҳё кардани анъанаҳои миллӣ шуруъ карданд, ки он натиҷаи дилхоҳ дод, гуфт дар охир Одилов Н.
Мавсуф ба донишҷӯён рӯ оварда, онҳоро ба пайравии шеваи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хонд.
Баъдан аз тарафи Олисомон Ҳоҷиев, донишҷӯи курси 3 дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушду инкишофи иқтисодиёти миллӣ» ва донишҷӯи курси 2 Парвина Комилова дар мавзӯи «Рӯзи Президент боиси ифтихори мо» маърӯзаҳои пурмазмун карда шуд.
Дар охир филми мустанади «Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар 25 соли истиқлол» намоиш дода шуд.


Машҳура Абдуллоева