Хабарҳо

Мақсад: ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ
Рӯзи 14 ноябри соли равон дар донишкада вохӯрии аҳли устодон ва донишҷӯён бо муовини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия баргузор гардид.
Мавсуф оид ба дастовардҳои 25 соли кишвар, арҷгузорӣ ба суннатҳову арзишҳои фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз тақлидкории занон ҷиҳати пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллати тоҷик бегона, даст назадан ба корҳои номатлуб, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон, бахусус занону духтарон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ кард.
Номбурда афзуд, ки чунин вохӯриҳо дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар идома доранд. Мақсади ташкили ин гуна вохӯриҳо ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллат ва дар замири онҳо зиёд намудани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, содиқона хизмат кардан ба мардуми кишвари худ мебошад.
Хисрав Муҳиддинов