Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи Президент
14.11.2016. Имрӯз дар донишкада маҳфили илмӣ-сиёсии факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Декани факултет Хуршед Давлатов маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, тазаккур дод, ки дар даврони 25 соли истиқлолият бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон дастовардҳои бузурги ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ ба даст омаданд.
Мисоли рӯшани ин гуфтаҳо бунёди роҳҳову пулҳои мошингузар, нақбҳо ва иншооти гидроэнергетикӣ ҳастанд, ки аксари онҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ дошта, ба манфиати Тоҷикистону кишварҳои ҳамсоя равона гардидаанд, афзуд номбурда.
Ҳамзамон дотсенти кафедраи суғурта Саъдихоҷа Маъдиев вобаста ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисоди миллӣ ва тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дар шакли муҷассамгардида дар рушди соҳаи энергетика ибрози андеша кард.
Дар ниҳояти кор ҳамаи ин кӯшишҳо ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардуми шарафманди тоҷик бо амалӣ гардонидани дигар ҳадафҳои стратегӣ ва табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафта ва тараққикарда мебошад, гуфт маърӯзачӣ.
Дар охир донишҷӯи курси сеюми ихтисоси суғурта Ҷовидон Халифаев аз нигоҳи таърихӣ ва иқтисодию ҳамкориҳои байналхалқӣ рушд ёфтани соҳаи гидроэнергетикаро бо саъю кӯшишҳои бевоситаи Сарвари кишвар муаррифӣ намуд, ки хело пурмуҳтаво буд.
Ҷовидон Халифаев