Хабарҳо

Президенти кишвар ва таҳкими давлатдории миллӣ
16 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ дарси кушоди устоди кафедра Сайрам Бақозода дар мавзӯи «Нақши Президент Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон» баргузор гардид.
С. Бақозода изҳор дошт, ки саҳми Президенти кишвар дар барқарорсозии давлатдории навини тоҷикон ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ хеле назаррас аст. Ҳамзамон ӯ бо донишҷӯён доир ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва моҳияти он, ташаббусҳои Президенти кишвар дар арсаи байналмилалӣ суҳбат орост. Донишҷӯён аз китоби Президент «Тоҷикон дар оинаи таърих» пораҳо оварда, ҳамзамон доир ба филми тозаэҷоди «Марде аз сарнавишт», ки дар бораи Президенти кишвар қисса мекунад, мубоҳисаҳо намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар донишкада чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.
Насрулло Тӯйчизода