Хабарҳо

Дарси тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
Бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 ноябри соли 2016 дар факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ дарси тарбиявӣ ба забони англисӣ дар гурӯҳҳои англисии ихтисоси иқтисоди ҷаҳон дар мавзӯи «16 ноябр - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи куратори гурӯҳ Диловаров Манучеҳр баргузор гардид. Дар дарси тарбиявии мазкур эдвайзери факултет Ҷумаев И., сармутахассиси шуъбаи илм Сафаров И, устодон Мазбутов С. ва Раззоқбердиев Ш. иштирок намуданд.
Сараввал куратор ба донишҷӯёни курси якум ва дуюми гурӯҳи англисӣ ба забони англисӣ моҳият ва зарурати ин ҷашни навро фаҳмонид.
Баъдан донишҷӯёни курси якум Мамадсаидова Ф. ва Шарифов А. бо истифода аз технологияҳои муосир боб ва моддаҳои Конститутсия, ки ба Президент бахшида шудааст, гуфта гузаштанд. Донишҷӯёни курси дуюм Фозилова С. ва Султонзода У. дар бораи дастовардҳои Пешвои миллат суханронӣ карда, гуфтанд, ки зери роҳбарии хирадмандонаи ин шахсият мактаби давлатдории миллии тоҷикон дар замони нав ташаккул ёфта, ҷанбаҳои шаклӣ, сохторӣ, мазмунӣ ва арзиши он дар сатҳи нави давлатдории муосири тоҷикон, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд бунёдгузорӣ шуд ва дар натиҷаи талошҳои зиёд соли 1994 дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамеша сабт гардид.
Ҳамин тавр, дарс хеле ҷолиб гузашт. Ин гуна дарсҳо барои бедор намудани ҳисси ватандӯстии толибилмон мусоидат мекунанд.
Манучеҳр Диловаров, куратори курси дуюми гурӯҳи англисии факултети МИБ