Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши Президент дар рушди иқтисод

Нақши Президент дар рушди иқтисод

Дар ҳамин мавзӯъ 15 ноябри соли равон бо ташаббуси садорати факултети молия ва қарз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси кушод баргузор гардид.
Дар оғоз бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ А. Муллоҷонов баромад намуда, меҳмонон ва ҳозиринро ба муносибати ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Баъдан Содиқҷон Бойматов, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи мавриди назар баромад намуда, вобаста ба пешравиҳои кишварамон бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида кард.
Ҳамзамон профессор Нодир Одилов дар бобати бедорсозии ҳисси ватандустӣ ва хештаншиносии ҷавонон сухан ронда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ғамхориҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбати ҷавонон ба инобат гирифта, дар ҷодаи илмомузӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд ва дар пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми босазои худро гузоранд.

 
Зарнигор Ҳимматова, эдвайзер оид ба тарбияи факултети молия ва қарз