Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултет
Дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт санаи 15-уми ноябри соли 2016 бахшида ба таҷлили Рӯзи Президент маҳфили илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодиёт» баргузор гардид. Декани факултет А. Нурализода маҳфилро боз намуда, доир ба хидматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди кишвар истода гузашт.
Раҳматулло Ҳомидов, устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ доир ба қабули баъзе қонунҳои нав ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд. Номбурда ба ҳозирин сабаби санаи 16-уми ноябр эълон шудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври равшану возеҳ фаҳмонид.
Забирзода Олимҷон - намояндаи телевизони «Ҷаҳоннамо» дар мавзӯи «Нақши Президент дар эҳёи давлатдории миллӣ» андешаҳои пурмазмун иброз дошт. Мавсуф дар баромадаш хизматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи давлатдории миллӣ дар 25 соли истиқлолият бо мисолҳо мушаххас ба ҳозирин баён намуд.
Устоди кафедраи моделсозии математикӣ дар иқтисодиёт Умар Воҳидов дар мавзӯи «Рушди соҳаҳои хоҷагии халқ дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд. Номбурда дар асоси маълумотҳои оморӣ доир ба 25 соҳаҳои мухталифи амалкунанда диаграммаҳои ҳаракаткунанда таҳия намуда, дар намуди сабти видеоӣ ба ҳозирин пешкаш намуд. Дар рафти намоиш муқоисаи соҳаҳои ҳоҷагии халқро бо нишондиҳандаҳо оид ба рушди иқтисодӣ таҳлил ва муқоисаи онро барои солҳои 1991-2016 ба ҳозирин ба таври мушаххас шарҳу эзоҳ намуд.
Дар маҳфил устодону донишҷӯён иштирок ва оид ба баррасии ҳар як масъалаи ҷойдошта суҳбати озод намуданд.
Насрулло Тӯйчизода