Хабарҳо

Шукӯҳи Рӯзи Президент дар ДМИТ
16 ноябр дар толори фарҳангии донишкада ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Онро ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ аз заҳмату кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими давлатдории миллии тоҷикон ёдовар шуд:
- Боиси шодмонист, ки бо ибтикор ва пешниҳоди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардид ва минбаъд ҳамасола 16-уми ноябр чун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар қатори муқаддасоте, ки Конститутсия муқаррар кардааст, ин сана низ ба ин муқаддасот шомил мегардад. Хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар устувории давлатдории тоҷикон хеле калон буда, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун дипломати моҳир ва сиёсатмадори хирадманд эътироф гаштаанд. Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори 10-гонаи беҳтарин кишварҳои роҳи ислоҳотро пешгирифта ворид шудааст. Имрӯз кишвари мо торафт мавқеи худро мустаҳкам намуда, ба комёбиҳои нав ноил шуда истодааст, - афзуд А. Солеҳзода.
Ҳамзамон ректори донишкада аз таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон дар самти зиракии сиёсӣ, вусъати ҷаҳонбинии маънавӣ, истифодаи технологияҳоии муосир ва забондонӣ ёдовар шуд.
Меҳмони чорабинӣ Исматулло Ҳакимов - муовини якуми Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромадаш қайд намуд, ки Президенти кишвар дар муддати хеле кӯтоҳ халқи моро аз парокандагӣ наҷот дода, сарҷамъ кард. Муҳимтарин дастоварди Сарвари давлат барқароршавии сулҳу ваҳдати комил ва таъмини зиндагии шоиста ба мардум аст. Аз ин ҷост, ки Эмомалӣ Раҳмон меҳру муҳаббати хоси мардумро соҳиб гаштаанд.
Мудири шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қумрӣ Азизова низ илова шудани як ҷашни нав- рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамагон шодбош гуфт.
Дар чорабинӣ якчанд озмуни ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доиргардида ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳамин тавр, дар мусобиқаи шоҳмот ҷойи якумро аз писарон дастаи шоҳмотбозони факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ, ҷойи дуюмро факултети молия ва қарз ва ҷойи сеюмро факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ сазовор шуданд. Дар байни духтарон бошад, ҷойи аввал насиби факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ гардид.
Дар озмуни муаррифии беҳтарин дар мавзӯи «Президент ва саҳми ӯ дар рушди иқтисодиёт» дипломи дараҷаи 1 ба факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҷойи дуюм ба факултети ҳисобдорӣ ва омор ва ду ҷойи сеюм ба факултетҳои иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт супорида шуд.
Сертификати роҳхат ба осоишгоҳи «Баҳористон», ки барои ғолибияти донишкада аз рӯи номинатсияи «Шароити мусоид» аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ ба ДМИТ дода шуда буд, бо қарори Шӯрои олимон ва Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишкада ба устоди кафедраи варзиш ва мудофиаи гражданӣ Қурбоналӣ Сафаров дода шуд.
Ҳамчунин ректори донишкада дар вазъияти тантанавӣ ба сарматухассиси шуъбаи тарбия Мавҷуда Давлатова барои фаъолияти босамар дар таълиму тарбияи ҷавонон нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро супорид. Ҳамзамон омӯзгорони фаъоли донишкада Саидамир Сафаров, Асадулло Муллоҷонов, Мастура Буриева, Қутбиддин Муқимов, Солеҳҷон Собирҷонов барои фаъолияти самарабахш ва иншои мақолаҳои вокунишӣ бо Ифтихорнома сазовор дониста шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён бо қироати шеъру суруд дар васфи Пешвои миллат ва Ватан ба ҷамъомад шукӯҳи бештаре бахшиданд.
Насрулло Тӯйчизода