Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Бунёдгузори асолати миллӣ

Бунёдгузори асолати миллӣ

Санаи 15 ноябр ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни курси якуми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои илмӣ ва буҷавӣ гурӯҳи «Б» дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат - бунёдгузори асолати миллӣ» гузаронида шуд.
Дар дарси кушод намояндагони шуъбаи тарбия Мавҷуда Давлатова, Ҷовид Боймуродов, садорати факултет Суннатулло Нуриддинов ва Ҷаъфар Қодиров иштирок намуданд.
Дарсро сарпарасти гурӯҳи академӣ дотсент Қутбия Ҳомидова ифтитоҳ намуда, дар бораи хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, саҳми Пешвои миллатро дар бунёди давлати соҳибистиқлол, эҳёи Ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани нуфузи забони тоҷикӣ ва барпо намудани сулҳу оромии кишвар мусбат арзёбӣ намуд.
Донишҷӯён Фарида Муҳаббатова ва Рамазони Раҳмон бо истифода аз тахтаи элекронӣ мавзӯъҳои тайёрнамудаи худро доир ба моҳияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди ҳозирин гардониданд. Инчунин иштирокчиён оид ба мавзӯи матраҳгардида фикру андешаҳои хешро иброз намуданд.
Дарс дар фазои муҳаббати бепоён нисбат ба Ватан, Пешвои миллат ва сулҳу оромии кишвар хотима ёфт.


Н. Ҷобиров