Хабарҳо

Ахтари дурахшони роҳбарӣ
Таҳти чунин унвон санаи 16-уми ноябр дар шуъбаи магистратура бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-назариявӣ доир гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров оғоз бахшида, доир ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаҳои мухталифи мамлакат суханронӣ намуд.
Номбурда аз ҷумла зикр кард, ки бо ташаббусу ибтикороти Роҳбари давлат сол то сол иқтисодиёти кишвар пеш рафт ва сатҳи зиндагонии мардум беҳтар гардид.
Мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Таваралӣ Ғаниев дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон - пешвои ояндасози миллат» баромад намуда, андешаҳояшро атрофи бунёди ҷомеаи навини тоҷикон ва марҳилаҳои рушди иқтисодиёти кишвар дар солҳои соҳибихтиёрӣ баён дошт.
Дар идомаи маҳфили илмӣ-назариявӣ магистрантони соли аввал Аҳлиддин Табаров ва Фирӯзи Талбак аз нақши Президент дар рушди соҳаи маорифу илм ва давлатдории миллӣ гуфтанд.
Аҳлиддин Табаров изҳор дошт, ки маориф соҳаи арзишманду афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар ҷомеа пураҳамият ва тақдирсоз мебошад. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф диққати махсус зоҳир намуда, дар сиёсати худ онро дар ҷойи аввал гузоштааст. Номбурда дар асоси маълумоти оморӣ доир ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ нақшаҳои тартибдодаашро пешкаши иштирокчиён намуд.
Фирӯзи Талбак зимни ироаи маърӯзааш гуфт, ки расидан ба қадри он ҳама заҳмату талошҳои Пешвои миллат ин худ як ифтихори бузурги ватану ватандорист. Мо, ҷавонон мактаби мардонагиро бояд аз роҳбари сарбаланди давлатамон омӯзем, чунки он ҷоннисориҳое, ки дар роҳи бунёдгузории давлати навини мо намудаанд, воқеан ҳам боиси таҳсину офарин аст. Мавсуф бо қаноатмандӣ гуфт, ки мо дар навбати худ ваъда медиҳем, ки хубу аъло хонда, дар оянда мутахассиси соҳаи худ гашта, ба Ватан содиқона хизмат менамоем.
Наврӯз Ҷобиров