Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муҳокимаи корҳои олимони ҷавон

Муҳокимаи корҳои олимони ҷавон

Чанде қабл муҳокимаи кори диссертатсионии аспирантони кафедраи назарияи иқтисодӣ Мадина Ҷабборова ва Раҷабалӣ Саидов баргузор гардид. 
Кори илмии М. Ҷабборова дар мавзӯи «Марҳилаҳои ташаккул ва рушди металлургияи ранга дар Тоҷикистон» (зери роҳбарии профессор Аброр Мирсаидов) доираи ташаккулёбӣ ва рушди соҳаи металлургияи рангаро дар мисоли соҳаи алюминий, ки дар асоси Комплекси минтақавӣ-ҷанубии саноатии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, дар бар гирифта, мақсади таҳқиқ - аҳамияти актуалӣ ва назариявӣ-амалӣ доштан ва нокифоя коркард шудани он мебошад. Дар асоси маҷмӯи тадқиқоти таърихию иқтисодии ҷараёни ҷамъоварии сарчашмаҳо, эҳё, ташаккул ва рушди металлургияи ранга дар мисоли Корхонаи воҳиди давлатии «ТалКо» оварда шудааст. 
Мавзӯи кори диссертатсионии Р. Саидов «Масъалаҳои назариявии баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ дар шароити ҳамҷояшавии иқтисодиёт ба низоми хоҷагии ҷаҳонӣ» (зери роҳбарии дотсент Илҳомуддин Иброҳимов) ном дошта, ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегирад ва дар он роҳҳои актуалии ҳалли муаммои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ нишон дода шудааст. 
Мақсади кори илмӣ-тадқиқотии мазкур асоснок кардани назария ва  ошкор кардани омилҳои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ, ташкили чорабиниҳо ва тавсияҳо оид ба бунёди механизми самараноки сиёсати иҷтимоии давлат, инчунин баҳо додани натиҷаи амали он дар шароити ҳамҷояшавии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми хоҷагии ҷаҳонӣ мебошад.
Ҳозирин баъзе камбудиҳои ҷузъии корҳоро гуфта гузашта, доир ба мавзӯъ ба аспирантон саволҳо дода, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.


Наврӯз Ҷобиров