Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши Пешвои миллат дар ташаккули ВАО

Нақши Пешвои миллат дар ташаккули ВАО

- То замони соҳибихтиёрӣ дар ҷумҳуриамон ҳамагӣ 139 адад рӯзномаву маҷалла чоп мешуданд, ки аз ин шумора 4-тоаш хусусӣ буд. Бо шарофати истиқлолият ин шумора ба 447 адад расид, ки 270-тоаш ҷамъиятиву хусусӣ мебошанд. Бо пешниҳоди Пешвои миллат соли 2011 моддаҳои вобаста ба таҳқиру туҳмат аз қонунгузории ҷиноятӣ ба қонунгузории маъмурӣ гузаронида шуданд, ки ин амал барои рушди минбаъдаи ВАО саҳми арзандае гузошт, - иброз намуд ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Камолиддин Шарифов дар ҷаласаи навбатии маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи фанҳои гуманитарӣ «Рӯзгорон» дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули воситаҳои ахбори омма».
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибихтиёрӣ ВАО-и ватанӣ рушд ёфта, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти мардум нақши босазои худро гузоштаанд. 
Инчунин дар кори маҳфил муаллими калони кафедра Содиқ Бойматов суханронӣ карда, аз таърихи ВАО-и Тоҷикистон ёдоварӣ шуд ва нақши рӯзноманигоронро дар ташаккули маънавиёти мардум муҳим арзёбӣ намуд.
Дотсенти кафедра Убайдулло Сабуров дар муҳокима ширкат варзида, аз бетаваҷҷуҳии баъзе донишҷӯён ба ВАО, бахусус нашрияи «Молия ва иқтисод» изҳори нигаронӣ кард. Ӯ аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки пайваста матбуоти давриро мутолиа кунанд ва ҷаҳонбинии худро ташаккул диҳанд.
Дар фарҷоми маҳфил мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Асадулло Муллоҷонов баромад карда, иброз дошт, ки ташаккули ВАО-и замони соҳибихтиёрии Тоҷикистонро бе шахсияти Эмомалӣ Раҳмон тасаввур намудан ғайриимкон аст. 


Наврӯз Ҷобиров