Хабарҳо

Мастер-класс барои кураторон
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши устодону кормандони ҷавон, бахусус кураторони гурӯҳҳои академӣ дар самти ҳуҷҷатгузорӣ тибқи фармоиши ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, №157/И рӯзҳои 18 ва 19 ноябри соли ҷорӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳа курси омӯзишӣ ташкил карда шуд.
Рӯзи 18 ноябри соли 2016 бо иштироки 67 нафар сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, устодону кормандон сармутахассиси шуъбаи тарбия Мавҷуда Давлатова вобаста ба ҳуҷҷатгузорӣ дар самти корҳои тарбиявӣ ва кураторӣ курси омӯзишӣ гузаронид. Дар раванди курси омӯзишӣ барои намуна ҳуҷҷатгузорӣ ва корҳои тарбиявии куратори беҳтарини донишкада, муаллими калони кафедраи фаъолияти гумрукӣ Олим Шомуддинов ба ҳозирин муаррифӣ карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ташкили ин қабил курсҳо барои тақвияти донишҳо, пешравии фаъолияти кураторӣ ва аз таҷрибаи якдигар баҳра гирифтани кураторон самараи дилхоҳ медиҳад.
Машҳура Абдуллоева