Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

«Оморшиноси беҳтарин» муайян гардид

«Оморшиноси беҳтарин» муайян гардид

Нақш ва аҳамияти амалияи омор дар инкишофи ҷомеаи муосир ва баланд бардоштани савияи дониши коршиносон, алалхусус оморшиносон бениҳоят назаррас аст. Бо назардошти ин 18 ноябр кафедраи омор озмуни «Оморшиноси беҳтарин»-ро дар байни донишҷӯёни факултети ҳисобдорӣ ва омор баргузор намуд. Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур, ки ҳамасола доир мешавад, интихоби гурӯҳҳои фаъол ва донандагони беҳтарини фанни омор аст.
Тавре, ки устодони кафедра зикр намуданд, иштирок дар маҳфил қадамҳои аввалини донишҷӯён дар илм аст. Зеро маҳфил ба аъзои худ имкон медиҳад, ки маҳорати илмии худро сайқал дода, бо таҳия ва интихоби дурусти мавзӯъҳои тадқиқотӣ, усулҳои гузаронидани тадқиқот, коркарди натиҷаҳои тадқиқот бо истифода аз технологияҳои муосир ва усулҳои гуногуни таҳлили оморӣ шинос шаванд. Дар доираи маҳфил аъзоён имкон доранд, дастовардҳои илмии худро дар шакли мақола, тезис дар конфронсҳои илмию амалии донишкада муаррифӣ намоянд.
Дар озмун 5 гурӯҳ: курси дуюми ихтисоси омор, гурӯҳи «А» бо номи «Оморчиёни ҷавон» бо сардории Нуралиева Зебонисо, курси сеюми ихтисоси омор гурӯҳи «А» бо номи «Оморчиёни муосир» сардор Сатторов Меҳроҷ, курси дуюми ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар муасиссаҳои илмӣ ва буҷетӣ, гурӯҳи «А» бо номи «Муҳосибон» бо сардории Мирзораҷабов Наврӯз ва курси дуюми ихтисоси иқтисоди таҳлилӣ, гурӯҳи «А» бо номи «Таҳлилгарон» бо сардории Шарипов Тӯйчибек, курси чоруми ихтисоси омор гурӯҳи «А» бо номи «Оморшиносон» бо сардории Мирзонаботов Тоҷиддин ширкат варзида, шартҳои озмунро дуруст иҷро карданд. 
Дар натиҷа аз байни иштирокчиён аз ҳама донандаи беҳтарини фанни омор Мирзонаботов Тоҷиддин, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси омор дониста шуд. Қайд кардан бомаврид аст, ки Тоҷиддин соли дуюм аст, ки ин мавқеъро ишғол менамояд.
Ғолибони озмун бо ифтихорномаҳои садорати факултет ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.


Насрулло Тӯйчизода