Хабарҳо

Дарси сиёсӣ дар хобгоҳ
Санаи 18 ноябри соли ҷорӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи «Молия»-и ҲХДТ дар хобгоҳи №1 донишкада аз ҷониби декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ, номзади илмҳои сиёсӣ Ҷурахон Шарипов дар мавзӯи «Омилҳои ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил гардидани ҷавонон» дарси сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар дарс устод оид ба проблемаи асосии имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне терроризм ва ифротгароӣ, ки боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ, ки яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, ибрози андеша кард.
Номбурда аз ҷавонон даъват ба амал оварда, гуфт, ки ба қадри истиқлолият, амнияту оромии кишвар бирасанд, зеро пос доштани ин неъматҳои бебаҳои худодод барои ҳар фарди бедордили ҷомеаи кишварамон ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ маҳсуб меёбад.
Дар фарҷом вобаста ба мавзӯи баррасишаванда байни ҳозирин мубоҳиса сурат гирифт ва донишҷӯён аз ин вохӯрӣ донишҳои сиёсиро тақвият бахшиданд.
Ҷ. Боймуродов, мутахассиси шуъбаи тарбия оид ба хобгоҳҳо