Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Меҳргон - ёдгоре аз фарҳанги ниёгон

Меҳргон - ёдгоре аз фарҳанги ниёгон

Бо ҳамин мазмун санаи 18 ноябри соли равон кафедраи фанҳои гуманитарӣ мизи мудаввар бахшида ба ҷашни Меҳргон доир кард, ки дар он меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ширкат доштанд.
Чорабиниро сардори раёсати илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов ҳусни оғоз бахшида, доир ба таърихи ин ҷашн сухан ронд ва афзуд, ки ҳар сол дар Донишгоҳи аграрии ба номи Ш. Шотемур ҷашни Меҳргон бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад, месазад соли оянда дар ДМИТ низ байни факултетҳо ин иди аҷдодиамон ҷашн гирифта шавад.
Маърӯзачии асосии мизи мудаввар ассистенти кафедра Далер Сангинов дар мавзӯи «Меҳргон дар гузари таърих» баромад намуда, оид ба таърихи пайдоиши ин ҷашн, суннатҳо ва аҳамияти он маълумот дод. Номбурда афзуд, ки Меҳргон дар оғози хазонрезӣ, вақти ҷамъбасти ҳосилғундорӣ, барои шукронаи соли деҳқонӣ ва ба асолати худ баргаштани тахти шоҳаншоҳии аҷдодони қадимаамон қайд мегардидааст. 
Сипас донишҷӯи курси якуми ихтисоси таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ Раҷабалӣ Рауфзода дар мавзӯи «Ҷашнҳои шабеҳи Меҳргон дар садсолаҳои охир» баромад намуда, оид ба таърихи Меҳргон ва дигар ҷашнҳои суннатии ба он монанд маълумот дод.
Ҳамчунин донишҷӯён барои болида сохтани хотири ҳозирин дар васфи иди Меҳргон шеърҳо қироат намуда, саҳначаи ҷолибе намоиш доданд.
Дар фарҷом мудири кафедра Асадулло Муллоҷонов тазаккур дод, ки таърих гувоҳ аст, ки дар гузашта  истилогарону аҷнабиён борҳо ба сарзамини аҷдодонамон ҳамла намуданд, вале натавонистанд фарҳанг ва забони моро аз байн баранд. Ҳатто подшоҳи давлати Ғазнавиён Маҳмуди Ғазнавӣ, ки шахсияти мутаассиб буд, худ дар ҷашни аҷдодиамон, яъне Меҳргон борҳо ширкат варзидааст.
Ҳамин тавр, ҷашни Меҳргон дар донишкада бо ҳамин мазмун таҷлил гардид.


Хисрав Муҳиддинов