Хабарҳо

Таҷлили ботантанаи Рӯзи Парчам
Таҷлили бошукӯҳи рӯзи Парчами давлатӣ ин эҳтирому арҷгузорӣ ба он, бозгӯи якдилӣ ва якдигарфаҳмӣ ва дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, гуфт дар суханронии табрикотиаш ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода зимни чорабинии мутантан, ки рӯзи 24-уми ноябри соли ҷорӣ дар донишкада ба истиқболи ҷашни Парчами давлатӣ доир гардид.
Ректор ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод намуда, қайд кард, ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузаштаи худ ва ғамхорӣ ба фардо буда, вай яке аз омилҳои муҳимми худшиносӣ маҳсуб мегардад. Бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш боло мегирад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар, истиқлолияти комил ва умед ба фардои нек мебошад. Парчами давлатии мо инъикоскунандаи расму оинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон чун нерую қуввати созандагӣ мебахшад. Парчам ба ҳар кас неру бахшида, барои фатҳи қуллаҳои баландтарин раҳсипорӣ менамояд, гуфт дар охир А.Солеҳзода.
Мавсуф аз кураторони гурӯҳҳои академӣ даъват ба амал овард, ки дар дарсҳои тарбиявӣ моҳияти Парчами давлатӣ ва Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба донишҷӯён шарҳу тавзеҳ диҳанд, то ин ки онҳо аз ин муқаддасоти миллӣ аз наздик ошно шаванд.
Ҳамчунин дар чорабинӣ маърӯзаҳои Муҳсин Шарифов, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи «Парчами нишони миллӣ» ва Ҳилола Шукурова, донишҷӯи курси 3, факултети ҳисобдорӣ ва омор дар мавзӯи «Парчам рамзи нангу номуси ватандорист» шунида шуд.
Дар баромадҳо гуфта шуд, ки парчам аз замонҳои қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Парчами миллии мо нишон аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик ба шумор рафта, ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, якдигарфаҳмии халқу миллатҳои кишварҳо ва муборизаи онҳо баҳри озодию худшиносӣ шинохта мешавад. Дар гузашта ва то кунун дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, пайроҳаи таърихии тайкардаи он ва аломатҳои истиқлолияти давлат инъикос ёфтааст.
Дар баробари ин маърӯзачиён дар бораи Парчами давлатӣ шеърҳо қироат карданд, ки бозгӯи арҷгузориву эҳтироми аҳли ҷомеа нисбати муқаддасоти миллӣ – Парчами давлатӣ буд.
Машҳура Абдуллоева