Хабарҳо

Парафшон бод доим, Парчами мо!
Бо ташаббуси садорати факултети молия ва қарз бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар мавзӯи «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!» маҳфили илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм Ғ. Ашуров оғоз намуда, меҳмонон ва ҳозиринро ба Рӯзи Парчами миллӣ табрику муборакбод намуд.
Сипас Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар мавзӯи «Парчам - ифтихори Ватан» баромад намуда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки ин муқаддасоти миллатро ҳифз ва эҳтиром намоянд. Шоир чанд шеъри хешро бахшида ба гиромидошти Парчам ва Ватани азизамон қироат намуд.
Дар идома мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ А. Муллоҷонов аз таърихи парчамдории миллати тоҷик ёдовар шуд.
Ҳамзамон донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси молия Шукрона Саидова дар мавзӯи «Эҳтиром гузоштан ба Парчами миллӣ» ва Саидҷон Ҳамидов дар мавзӯи «Парчам - муқаддасоти миллат» маърӯзаҳо намуданд.
Баҳри болидагии хотири иштирокчиёни маҳфил навозиш бо ғиҷак ва қироати шеъру суруд дар васфи Ватан дар иҷрои донишҷӯёни факултет манзур гардид, ки ба маҳфил таровати дигар бахшид.
Наврӯзбек Пиров,
роҳбари созмони ҷавонони факултети молия ва қарз