Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Робита бо волидайн мустаҳкам мегардад

Робита бо волидайн мустаҳкам мегардад

Рӯзи 19 ноябри соли ҷорӣ дар донишкада бо ибтикори кафедраи омори факултети ҳисобдорӣ ва омор маҷлиси падару модарон баргузор шуд. Дар маҷлис волидони донишҷӯёни курсҳои 1,2,3,4-и ихтисоси омор иштирок доштанд.
Муовини ректор оид ба тарбияи донишкада Зулфия Ахмедова дар оғози маҷлис оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ намуда, афзуд, ки мо, устодону волидонро зарур аст, ки ба таълиму тарбияи донишҷӯён диққати махсус диҳем, то онҳо аз корҳои беҳуда даст кашида, ба сӯйи илму дониш майл кунанд.
Дар тақвияти ин суханҳо мудири кафедраи омор Мастура Буриева иброз дошт, ки донишҷӯёнро зарур аст шароити хуби фарорҳамовардаи донишкадаро самаранок  истифода карда, сатҳи дониши худро сайқал диҳанд, то дар оянда мутахассиси касбии соҳаи интихобкардаи худ бошанд. 
Дар фарҷом ифтихорномаи таъсисдодаи кафедраи омор ба як қатор донишҷӯёни фаъол, аз ҷумла ба Шоабдуллоев Қ., Аҳмадшои С., Шарипов Ҷ., Оқилов А., Нуралиева З. барои хониши хубу аъло ва иштирок дар корҳои илмӣ-фарҳангӣ ва ҷамъиятии факултет тақдим карда шуд.


Рустам Холов, устоди кафедраи омор