Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мақоми аудит дар низоми назорати дохилӣ

Мақоми аудит дар низоми назорати дохилӣ

Бо ҳамин мазмун рӯзи 21 ноябри соли равон дар донишкада кафедраи аудит ва ревизия маҳфили илмии донишҷӯёнро баргузор намуд. 
Маҳфилро мудири кафедра Парвиз Орзуев ҳусни оғоз бахшида, доир ба мавзӯи матраҳшаванда ибрози андеша намуд. 
Сипас устоди кафедра С. Аҳмадҷонова дар мавзӯи «Мақоми аудит дар низоми назорати дохилӣ» маърӯза кард.
Барои боз ҳам ҷолиб ва пуртаъсир гузаштани маҳфил аз эксперти соҳибтахассус дар масъалаи гузаронидани аудит М. Достиев хоҳиш карда шуд, ки донишҷӯёнро бо ҳуҷҷатҳои гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ шинос намоянд. Дар ҷараёни баромад номбурда донишҷӯёнро бо тарзи тайёр намудани ҳуҷҷатҳо ва ба кадом навъ гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ шинос кард.
Донишҷӯёни болаёқат Сарфароз Амакҷонов дар мавзӯи «Намудҳои аудит» ва Фирдавс Ҳайдаров дар мавзӯи «Намудҳои хулосаи аудиторӣ» тариқи слайдҳо маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд.


Абубакр Раҳмонов,
ассистенти кафедраи аудит ва ревизия