Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯёни ДМИТ: бо Парчамат мефахрем, эй Ватан!

Донишҷӯёни ДМИТ: бо Парчамат мефахрем, эй Ватан!

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 ноябри соли ҷорӣ дар телевизиони «Сафина» барномаи идона таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон, Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ин барномаи идона кормандон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодон аз кафедраи хуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳунармандон ва шоирону нависандагони машҳури Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки дар ин барномаи идона аз маҳфили илмӣ-назариявии «Иқтисоддони беҳтарин»-и хобгоҳи №1-и Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 20 нафар донишҷӯёни фаъол иштирок доштанд.
Ҷовидон Халифаев, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси суғурта ва Мирзоев Ҷалолиддин, донишҷӯи курси якуми ихтисоси танзими ҳуқуқи молия ва қарз вобаста ба ин рӯзи таърихӣ дар ин барнома суханронӣ намуда, зикр сохтанд, ки яке аз нишонаҳои асосии давлатдорӣ парчам ба шумор рафта, дар тамоми кишварҳои мустақили ҷаҳон нисбат ба парчами давлатӣ садоқату эҳтиром ба ҷо оварда мешавад.  
Дар анҷоми барнома Ҷовидон Халифаев тазаккур дод, ки мо донишҷӯёни ДМИТ кӯшиш мекунем, ки доимо болобардори Парчами миллати хеш бошем ва ифтихор аз ин миллату аз ин сарзамини куҳанбунёд намуда, ин муқаддасоти миллии худро дар байни дигар давлатҳо доимо партарафшон менамоем. 


Ҷовидон Халифаев, сардори маҳфили илмии хобгоҳ